Эрон пас аз муноқиша бо Исроил аз Чин маҷмааҳои мушакии зиддиҳавоӣ харид — расонаҳо

    Эрон пас аз анҷоми муноқишаи 12-рӯза бо Исроил аз Чин маҷмааҳои мушакии зиддиҳавоӣ (ММЗҲ) дарёфт кардааст.

    Дар ин бора портали Middle East Eye, ки ба нашри хабарҳо оид ба Ховари Миёна ихтисос дорад, бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст, менависад Tengrinews.kz.

    Тибқи иттилои портал, таҳвили ММЗҲ-и чинӣ пас аз оташбаси амалии байни Эрон ва Исроил, ки 24 июн ба даст омада буд, сурат гирифтааст.

    Яке аз мансабдорони араб, ки нахост номаш зикр шавад, изҳор доштааст, ки иттифоқчиёни араби ИМА аз кӯшишҳои Теҳрон ҷиҳати «тақвият ва мустаҳкам кардани» системаи мудофиаи зиддиҳавоияш огоҳанд ва Қасри Сафед (Маъмурияти президенти ИМА) аз пешрафти Эрон иттилоъ гирифтааст.

    ММЗҲ барои нобуд кардани ҳадафҳои ҳавоӣ, аз қабили ҳавопаймоҳо, чархболҳо, мушакҳо ва дронҳо пешбинӣ шудаанд. Ин мушакҳо аз замин партоб шуда, бо истифода аз системаҳои гуногуни роҳнамоӣ ба ҳадаф равона мешаванд. Маълум аст, ки Эрон инчунин системаи мудофиаи зиддиҳавоии чинӣ ва русӣ, аз ҷумла HQ-9 ва С-300-ро истифода мебарад.

    Манбаъҳо мушаххас накардаанд, ки Эрон аз замони анҷоми амалиёти ҷангӣ чанд адад ММЗҲ дарёфт кардааст. Аммо яке аз манбаъҳо гуфтааст, ки пардохтҳо барои ММЗҲ аз ҷониби Эрон бо таҳвили нафт анҷом дода мешаванд.

    Портал қайд мекунад, ки Чин бузургтарин воридкунандаи нафти Эрон аст. Тибқи гузориши моҳи майи Идораи иттилооти энергетикии ИМА, тахмин меравад, ки тақрибан 90 дарсади нафт ва конденсати Эрон ба Пекин содирот мешавад. Ҳамзамон, аз роҳҳои кишварҳои сеюм, ба монанди Малайзия, истифода бурда мешавад, то таҳримҳои Амрикоро давр зананд, хабар медиҳад Tengrinews.kz.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates