Зимни суҳбат муовини аввали директори ДТСБ Акрамҷон Неъматов қайд кард, ки МҲТБО имрӯз мавқеи устуворро ишғол намуда, дар меъмории амнияти умумиосиёӣ нақши муҳим мебозад, ҳамчун платформаи васеътарини ҳамкории бисёрҷониба дар Осиё, ки ба  ҳамкорӣ, муколама, консенсус ва ихтиёрй асос ёфтааст баромад мекунад.

Бартарии МҲТБО, тавре Акрамҷон Неъматов таъкид кард, бархӯрди ҳамаҷониба ва байниҷиҳатӣ барои таъмини амният ва ҷудонопазирии он мебошад. Таъкид мешавад, ки тақозо ба МҲТБО бо афзоиши нақши қитъаи Осиё дар умури байналмилалӣ, динамикаи рушди иқтисодии он ва афзоиши робитаҳои мутақобила, ҳамчунин зарурати вокуниши муштарак ба чолишҳои умумӣ ва таҳдидҳо ба амният ва рушди устувор шарҳ дода мешавад.

Қайрат Сарибай, дар навбати худ ба ислоҳоти Ӯзбекистон ва ба тренди мусбати муттаҳид шудани мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва рушди равобити мутақобила, ки бо омадани Президент Шавкат Мирзиёв ба миён омаданд, баҳои баланд дод. Қайд карда шуд, ки МҲТБО метавонад барои пешбурди 10 ташаббус оид ба робитаи мутақобилаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки Президенти Ӯзбекистон дар Конфронси Тошканд дар соли 2021 эълон карда буд, ҳамчун як платформаи муносиб хизмат кунад. Ба ҷониби Ӯзбекистон барои дастгирии фаъолона аз фаъолияти МҲТБО изҳори сипос карда шуда, қайд гардид, ки бо аз соли 2020 ба Ӯзбекистон вобаста намудани  нақши ҳамоҳангсози чораҳои эътимоди МҲТБО дар андозагирии инсонӣ феҳрасти чораҳо оид ба таҳкими боварии МҲТБО аз ҳисоби вориди масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, баланд бардоштани нақши он дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва радикализм ба таври назаррас васеъ карда шуданд.

Ҷалби васеи Ӯзбекистон дар кори МҲТБО ба фаъолияти он такони чашмрас бахшида, ба таҳкими эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Авруосиё мусоидат мекунад, - гуфт Қ.Сарибай.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти ҳамоҳангӣ ва ҳамкории зич байни ДТСБ ва МҲТБО, аз ҷумла дар доираи Форуми марказҳои таҳлилиро, ки ҳамчун платформаи табодули афкор ва таҳияи пешниҳодҳои консептуалӣ хидмат мекунад, баррасӣ карданд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) форуми байналмилалӣ буда, 27 давлати қитъаи Осиёро муттаҳид мекунад.

МҲТБО дар назди худ вазифа мегузорад, ки муносибатҳо ва ҳамкории давлатҳои Осиёро бо мақсади таъмини субот ва амният дар минтақа таҳким бахшад.