Тибқи маълумоти Консулгарии генералӣ, 15 майи соли ҷорӣ шаҳрванд И.М. бо дархости кӯмак ҷиҳати ба Ватан баргардонидани худаш ва фарзандонаш муроҷиат намуд. Сабаби ин дархост фишору зулми шадиди шавҳараш К.М. будааст, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Бино ба иттилои маълумшуда, ин оила моҳи майи соли 2024 бо ду фарзанди ноболиғ ба шаҳри Сургут омада буданд. Фарзанди сеюми онҳо дар ҳамин шаҳр ба дунё омадааст.

Саробони оила дар ҷойҳои гуногун бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои будубоши қонунии худ кор мекард. Дар натиҷаи мушкилоти оилавӣ, набудани кори доимӣ ва даромад, байни зану шавҳар нофаҳмиҳо ба вуҷуд омаданд. Зан, ки аз низоъҳои пайдарпай хаста шуда буд, тасмим гирифт, ки бо фарзандонаш ба Ӯзбекистон баргардад. Аммо вақте шавҳараш аз ин ният огоҳ шуд, шиносномаҳои онҳоро кашида гирифт.

Дипломатҳо ба хонаи оила ташриф оварда, шиносномаҳои зан ва кӯдаконро аз К.М. гирифтанд ва онҳоро ба шаҳри Екатеринбург оварданд. Барои кӯдаке, ки дар Русия таваллуд шудааст, шаҳодатномаи репатриатсия (баргардондан ба Ватан) дода шуд.

19 май ба И.М. ва се фарзандаш билет ба хатсайри «Екатеринбург – Наманган» харидорӣ карда шуд ва онҳо бомуваффақият ба Ӯзбекистон баргаштанд.