Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, ӯ дар посух пешниҳод кардааст, ки тамомии ҳудуди соҳили ғарбии рӯди Урдун таҳти суверенитети Исроил қарор дода шавад.
"Ҷавоби мо ба ин ордерҳо - густариши суверенитет ба тамоми ҳудуди Яҳудия ва Сомария (номгузории исроилӣ барои соҳили ғарбӣ), бунёди манзилҳо дар ҳамаи қисматҳои кишвар ва қатъ кардани робитаҳо бо маъмурияти террористӣ (Маъмурияти миллии Фаластин дар Рамалла), инчунин, ҷорӣ кардани таҳримҳо," - навиштааст ӯ дар саҳифаи худ дар X.
Илова бар ин, Бен-Гвир изҳор дошт, ки саросар аз Нетаняҳу ва амалиёти низомии Исроил дар минтақаи Ғазза пуштибонӣ мекунад. "Суди байналмилалии ҷиноятии Гаага боз ҳам нишон дод, ки он комилан зиддияҳудӣ аст. Ин девонагии комил аст. Ман нахуствазирро дар ин ҷанги одилона дастгирӣ мекунам," - илова намуд ӯ.