Дар ҳисоб кардани нафақа чӣ гуна навгониҳо пешбинӣ шудаанд?

    Дар ҷамъомади умумии навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис депутатҳо лоиҳаи қонун “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи таъминоти давлатии нафақаи шаҳрвандон”-ро гарму ҷӯшон мавриди муҳокима қарор доданд.

    Зимнан зикр гардид, ки тибқи қонунгузории амалкунанда барои ҳисоб кардани нафақа музди миёнаи моҳона ба андозаи на бештар аз даҳ баробари андозаи базавӣ барои ҳисоб кардани нафақа қабул карда мешавад.

    Аммо, сарфи назар аз он, ки дар давоми даҳ соли фаъолияти меҳнатӣ аз ҳисоби музди меҳнати нафақахӯрон бунакҳои суғуртавӣ (андози иҷтимоӣ) пардохта мешуданд, ҳангоми муайян кардани музди миёнаи моҳона барои ҳисоб кардани нафақа, музди миёнаи якмоҳаи на бештар аз миқдори даҳкаратаи андозаи асосӣ гирифта мешавад, маблағи боқимонда бошад, дар ин давраҳо ба ҳисоб гирифта намешавад.

    Ба ақидаи депутатҳо, қабули ин меъёр ба беҳтар шудани адолати иҷтимоии системаи таъминоти нафақа бо роҳи мустаҳкам намудани алоқаи байни музди меҳат, собиқаи кор ва маблағи нафақаи гирифташуда мусоидат мекунад.

    Ба ғайр аз ин, амали меъёри мазкур на танҳо ба шаҳрвандоне, ки аз 1 январи соли 2023 муроҷиат кардаанд, балки ба нафақахӯрони нафақаашон пеш аз то 1 январи соли 2023 таъиншуда татбиқ мегардад.

    Дар ҷамъомад депутатҳо оид ба лоиҳаи қонуни муҳокимашаванда фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. Таклифҳои муҳим пешниҳод карда шуданд.

    Баъд аз муҳокимаҳои дуру дароз лоиҳаи қонун аз ҷониби депутатҳо қабул гардид, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates