Номзад ба мақоми президентӣ Нарзулло Обломуродов дар Самарқанд бо интихобкунандагон мулоқот анҷом дод

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродов бо интихобкунандагони ватани маҳбубаш вилояти Самарқанд вохӯрӣ баргузор намуд.

    Шахси боэътимоди номзад, ректори Донишкадаи иқтисодиёт ва хидматгузории Самарқанд Муҳиддин Пӯлотов ҳозиринро бо тарҷумаи ҳоли Н. Обломуродов шинос кард.

    Номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мулоқот бо интихобкунандагон дар бораи барномаи пешазинтихоботии худ сухан гуфт.

    - "Мо барои оянда масъулем" - самти асосии ғояи Ҳизби экологии Ӯзбекистон аст, - гуфт Н. Обломуродов. - Иштироки ҳизбҳо дар интихоботи президентӣ дар амалисозии ин ғоя, инчунин пеш бурдани сиёсати пайгиронаи экологӣ хеле муҳим аст. Ҳизб инчунин ҳадафҳои худро дар ҳалли мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, ҳалли мушкилоти экологӣ ва андешидани чораҳои амалӣ барои тағйироти сохторӣ эълон мекунад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates