Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қатар Муҳаммад бин Абдулраҳмон Ал-Тонӣ дар як нишасти хабарӣ дар Доҳа аз ҷараёни музокироти созишномаи оташбас ва табодули асирон миёни ХАМАС ва Исроил хабар дод.
Ал-Тонӣ хабар дод, ки тарафҳо дар бораи оташбас, барқарории сулҳи устувор ва таъмини оташбаси доимӣ дар Ғаззо, инчунин табодули асирон ба мувофиқа расиданд. Вай илова кард, ки татбиқи созишномаи оташбас дар Ғаззо рӯзи якшанбеи оянда оғоз хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи аввали созишнома 42 рӯз идома хоҳад ёфт. Дар давоми марҳилаи аввал ХАМАС 33 асири исроилиро озод мекунад ва дар иваз бархе аз зиндониёни фаластинӣ озод хоҳанд шуд.
Созишнома пас аз 467 рӯзи оғози ҳамлаи Исроил ба минтақаи Ғаззо, ки дар натиҷа беш аз 156 ҳазор нафар щалок ва захмӣ шуданд, ба даст омад, хабар медиҳад aa.com.tr.









