Ин хабари хуш аз ҷониби хадамоти матбуотии Вазорати захираҳои об ва обёрӣ ироа шуд.

Тибқи маълумоти ин ниҳод аз 8 сентябри соли 2025, айни замон бо истифодаи техникаи махсус тозакунии ин иншоот аз лой ва қум идома дорад.

Вазири захираҳои об ва обёрӣ Нуржан Нуржигитов таъкид намуд, ки ин корҳо барои таъмини гузариши бехатари обҳои барфоб дар давраи сел анҷом дода мешаванд.

«Дар фасли баҳор сар додани об аз контррегулятори Коксарай ба ҷараёни поёнии дарёи Сирдарё оғоз мешавад, то баҳри Арал пур шавад ва заминҳои кишт дар вилояти Қизилорда бо оби обёрӣ таъмин гарданд», — гуфт Нуржан Нуржигитов.

Дар вазорат тавзеҳ доданд, ки иқтидори контррегулятори Коксарай — 3 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.

Мақсади асосии иншоот  пешгирии обхезиҳо дар ҳавзаи дарёи Сирдарё, танзими ҳаҷми обҳои барфоб, ки ба обанбори Шардарин ворид мешаванд, инчунин таъмини устувори об барои кишоварзӣ ва экосистемаҳои маҳаллӣ мебошад.

Аз солҳои 1960-ум сатҳи баҳр (ва ҳаҷми об дар он) ба сабаби гирифтани об аз дарёҳои асосии Амударё ва Сирдарё барои обёрӣ босуръат коҳиш ёфт. Айни замон қисми зиёди кӯли Аралро биёбони Аралқум ишғол кардааст. То оғози камобӣ баҳри Арал чорумин кӯли бузургтарини ҷаҳон ба шумор мерафт, хабар медиҳад zakon.kz.