Қазоқистон дар семоҳаи дуввум транзити нафти Русияро ба Ӯзбекистон ба 37,9 ҳазор тонна расонд

    Саноат 5 Iyul 2023 2311

    Ширкати миллии ҳамлу нақли нафти Қазоқистон «Казтрансойл» (КТО) дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ ҳаҷми транзити нафти Русияро тавассути қаламрави ҷумҳурӣ ба Ӯзбекистон ба 37,9 ҳазор тонна расонд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ширкат.

    «Дар семоҳаи дуюми соли 2023 ҶС «Казтрансойл» 37,9 ҳазор тонна нафти Русияро барои транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол дод. Дар семоҳаи аввал ҳаҷми транзити нафти тавлиди Русия дар ин самт 10,7 ҳазор тоннаро ташкил дод”, - омадааст дар хабарнома.

    Дар баёнияи матбуотӣ ёдоварӣ мешавад, ки интиқоли нафти Русия ба Ӯзбекистон тавассути системаи лӯлаҳои магистралии ҶС "Казтрансойл" соли 2017 оғоз шуда буд. Ҳаҷми транзит он вақт 67,9 ҳазор тонна ва дар соли 2018 36 ҳазор тоннаро ташкил дод. Дар солҳои 2019-2022 транзити нафти Русия тавассути Қазоқистон ба Ӯзбекистон вуҷуд надошт, хабар медиҳад ПРАЙМ.

    Барои маълумот: ҶС «Казтрансойл» оператори миллии қазоқистонии лӯлаи магистралӣ мебошад. Он ба гурӯҳи ширкати миллии нафту гази «Казмунайгаз» дохил мешавад. Вай дорои шабакаи серсоҳаи қубурҳои нафти магистралии дарозиаш 5,4 ҳазор километр мебошад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates