Киев ба ҷониби Русия пешниҳод кардааст, ки вохӯрии байни Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти Украина Владимир Зеленский то охири моҳи август баргузор гардад. Дар ин бора роҳбари ҳайати Украина Рустем Умеров, ки дар музокироти сулҳ бо Федератсияи Русия дар Истанбул иштирок дорад, зимни нишасти матбуотӣ, ки пас аз анҷоми музокирот доир гардид, изҳор дошт.

Ба гуфтаи Умеров, Украина пайваста ҷонибдори баргузории мулоқоти пешвоён аст. «Мо ба ин дирӯз омода будем. Имрӯз омодаем. Фардо низ омода хоҳем буд. Ин гуна вохӯрӣ метавонад роҳи рушди воқеии сиёсиро боз намояд. Русия бояд омодагии худро нишон диҳад», — таъкид кард ӯ.

Умеров ба Туркия барои кӯшишҳои миёнаравӣ ва ташкили музокирот изҳори сипос намуда, онро «платформаи муҳим барои мулоқот ва сулҳ» номид.

Роҳбари ҳайат гуфт, ки Украина интизори пешрафти навбатӣ дар масъалаи мубодилаи маҳбусон мебошад.

Бино ба таъкиди ӯ, дар рафти мулоқот ҷониби Русия барои баргардонидани нафароне, ки зиёда аз се сол дар асорат буданд, розӣ шудааст.

Умеров афзуд, ки Федератсияи Русия ва Украина дар мавриди марҳилаи навбатии мубодилаи маҳбусони ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ ба мувофиқа расидаанд ва дигар марҳилаи ҷудогонаи музокироти мубодиларо баргузор намекунанд.

«Мо музокиротро барои расидан ба сулҳи одилона ва устувор, аз ҷумла бозгардонидани ҳамаи шаҳрвандони худ, махсусан баргардонидани кӯдакони ба Русия ғайриқонунӣ депортшуда, идома медиҳем», — гуфт Умеров.

Украина бе ягон шарт барои эълон кардани оташбас омода аст. Дар ин бора намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Украина Георгий Тихий пас аз анҷоми музокирот изҳор намуд, хабар медиҳад aa.com.tr.

Ӯ илова кард, ки ҷониби Русия пешниҳоди озод кардани шахсонеро, ки зиёда аз се сол боз дар асорат буданд, қабул кардааст.