Дар чорабинӣ, ки дар рӯҳияи интиқодӣ баргузор гардид, таъкид карда шуд, ки соҳа ба низоми нави банақшагирии стратегӣ ва рушд ниёз дорад, ки бар асоси принсипи «мақсад – амал – натиҷа» ташкил карда шавад. Супориш дода шуд, ки барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, ба истифода додани иқтидорҳои нав ва густариши имкониятҳои содиротӣ нишондиҳандаҳои мушаххас муайян карда шаванд.
Аз ҷумла, вазифа гузошта шуд, ки содироти маҳсулоти соҳа дар ҳамин сол ба 720 миллион доллар расонида шавад. Ҳамчунин зарурати то ба 1 миллиону 120 ҳазор тонна расонидани истеҳсоли нуриҳои азотӣ, нуриҳои фосфорӣ ба 135 ҳазор тонна ва ба 222 ҳазор тонна расондани нуриҳои калийӣ таъкид гардид, то ки ҳаҷми ҳосили дар соҳаи кишоварзӣ пешбинишуда таъмин гардад.
Тавре қайд шуд, имсол дар доираи татбмқи 133 лоиҳа ба маблағи 9,5 миллиард доллар соҳа ва минтақаҳо ният доранд, 2,5 миллиард доллар сармоягузорӣ ҷалб намоянд. Аз ҷумла, дар доираи 24 лоиҳаи стратегӣ дар корхонаҳои саноати кимиё ва минтақаҳо 1,3 миллиард доллар сармоягузорӣ азхуд карда шуда, 7 иқтидори нави истеҳсолӣ ба истифода дода мешавад.
Ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо оид ба васеъ намудани истеҳсолот дар заводи содаи Қунғирот, ба роҳ мондани истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар корхонаи «Самарқандкимё», инчунин афзоиши иқтидори заводи калийи Деҳқонобод ба таври интиқодӣ баррасӣ гардид. Роҳ додан ба кашолёбии муҳлатҳо ғайри қобили қабул дониста шуд. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон анҷоми босуръати ин лоиҳаҳоро таъмин намоянд.
Ҳамчунин ба масъалаи коркарди партовҳои саноатии фосфогипс, ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаи «Аммофос-Максам» ҷамъ шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти иловагӣ аз онҳо, аз ҷумла кислотаи сулфат, бояд самаранок истифода бурда шаванд.
Ҳамчунин масъалаҳои ташкили инфрасохтори муосири илмӣ ва технологӣ барои рушди стратегии саноати кимиё баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, дар бораи нақшаҳои таъсиси Маркази инноватсионии химиявию технологӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи Кореяи Ҷанубӣ маълумот дода шуд. Ин марказ ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар самтҳои кимиёи газ ва ангишт, таҳлили амиқи химиявӣ, сорбентҳо, катализаторҳо, маводҳои нано ва композитӣ ихтисос ёфта, ягона муассисаи илмӣ-тадқиқотии чунин навъ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Дар муаррифӣ ҳамчунин дар бораи рафти татбиқи лоиҳаҳо оид ба ташкили ташкили истеҳсоли ҳалкунандаҳо, сианидҳои хушк, содаи каустикӣ, силикон, нуриҳои минералӣ, навсозии иқтидорҳои истеҳсоли аммиак, карбамид ва селитраи аммиакӣ дар корхонаи «Ферганаазот», истеҳсоли нитратҳои аммоний дар «Навоийазот», истеҳсоли химияи маишӣ дар вилояти Тошканд, инчунин истеҳсоли навъи нави шинаҳо дар Заводи якуми резинотехникӣ маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамзамон нақшаҳои баланд бардоштани самаранокии идоракунии лоиҳаҳо дар Ҷамъияти саҳомии «Узкимёсаноат» низ баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, дар ҷамъият ва корхонаҳои таркибии он системаи ERP ҷорӣ карда шудааст, ки бо пойгоҳҳои маълумотии 21 вазорату идора, операторони харид ва дигар сохторҳо ҳамгиро гардидааст. Ҳамчунин 16 системаи иттилоотӣ ба як платформаи ягонаи рақамӣ муттаҳид карда шудаанд.
Дар назар аст, ки марҳила ба марҳила технологияҳои зеҳни сунъӣ дар равандҳои таҳлил ва пешгӯии вазъи молиявӣ, инчунин пешбинӣ намудани талабот ба нуриҳои минералӣ ҷорӣ карда шаванд. Ғайр аз ин, тамоми марҳилаҳои ҳаракати нуриҳои минералӣ — аз корхона то фермерон таҳти назорати рақамӣ қарор дода мешаванд.
Вазифа гузошта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоб арзиши аслии маҳсулоти саноати кимиё 10–15 фоиз коҳиш дода шавад. Ин тавассути кам кардани хароҷоти энергия ва ашёи хом, инчунин чораҳои рақамикунонӣ амалӣ мегардад.
Дар анҷом сарвари давлат ба шахсони масъул супориш дод, ки татбиқи босуръати лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар саноати кимиё, ҳалли фаврии масъалаҳои мушкил ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда таъмин карда шавад.