Пештар хабар дода шуд, ки Кореяи Шимолӣ бори аввал дар ин сол ба самти Баҳри Ҷопон мушаки баллистикӣ сар додааст.
Ба иттилои СМСС, низомиён сар додани як мушакро аз минтақаи Пхенян тақрибан нисфирӯзӣ сабт карданд.
"Кореяи Шимолӣ ба самти Баҳри Ҷопон (Шарқӣ) мушаки баллистикӣ сар дод", хабар доданд низомиён.
Онҳо масофаи парвози мушак ва дигар ҷузъиёти онро таҳлил мекунанд.
"Низомиён мушоҳида ва назоратро дар доираи омодагӣ ба эҳтимоли сар додани мушакҳои дигар шиддат бахшиданд, бо ИМА ва Ҷопон дар бораи мушакҳои баллистикии Кореяи Шимолӣ маълумот мубодила мекунанд ва ҳолати омодагии пурраро нигоҳ медоранд", изҳор доштанд дар СМСС.
Тавре агентӣ қайд мекунад, сар додани мушаки баллистикии Кореяи Шимолӣ дар ин сол аввалин буд ва ду моҳ пас аз сар додани мушаки баллистикии кӯтоҳпарвоз (SRBM) 5 ноябри соли 2024 рух дод, хабар медиҳад ria.ru.