Пешбинӣ шудааст, ки миқдори парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни шаҳрҳои Ўзбекистон ва Арабистони Саудӣ дар як ҳафта ба 70 расонда шавад

    Нақлиёт 14 Dekabr 2023 1396

    Ин тавофуқ дар ҷараёни музокироти ҳайати вазорати нақлиёт бо маъмурияти авиатсионии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби чорабинии ICAO “ICAN-2023” ҳосил шудааст.

    Дар рафти гуфтушунид ҳайати вазорати нақлиётро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Арабистони Саудӣ ҳамроҳӣ намуд.

    Дар натиҷа барои зиёратчиён аз Ӯзбекистон, ки роҳи Ҳаҷ ва Умраро пеш гирифтаанд, инчунин сайёҳони хориҷӣ, ки ба Ӯзбекистон барои сайёҳии зиёратӣ бинобар барномаи “Умра плюс” омадаанд, шароити васеъ фароҳам оварда хоҳанд шуд.

    Дар рафти музокирот дар бораи аз шаҳри Тошканд ба шаҳрҳои Арабистони Саудӣ аз ҳар ду ҷониб анҷом додани 14 рейсҳо, инчунин шаҳри дилхоҳи Ӯзбекистон, ки фурудгоҳи байналмилалӣ дорад, ба шаҳри дилхоҳи Арабистони Саудӣ, ки фурудгоҳҳои байналмилалӣ доранд, анҷом додани ҳафате 21 рейсӣ аз ҳар ду ҷониб, ҳамагӣ 35 рейс мувофиқа ҳосил шуд.

    Қариб дувуним баробар зиёд шудани парвозҳои доимӣ боиси аз байн рафтани бесарусомониҳое, ки ҳангоми аз ҷонибии туроператорҳо ва агентҳо ташаккул додани зиёратчиён ба миён меоянд, ки бо рейсҳои чартерӣ ва транзитӣ ба зиёрати Умра мераванд ва пайвастани ҳамаи фурудгоҳҳои Ӯзбекистон бо Арабистони Саудӣ ва таҳкими минбаъдаи равобити байни ду кишвар мусоидат мекунад.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates