"Таъсири якхела (ба мисли машруботи спиртдор) - ин рагкашӣ ва ғафсшавии хун, ки дар ковид муҳимтарин аст. Ҳангоми ба организм таъсир кардани ҳар гуна вирус, на танҳо ковид, хун ғафс, рагҳои хунгард танг шуда, пайдоиши шадиди тромб ба амал меояд - ҳамаш хавфҳои пештара. Барои рафъи онҳо, шумо набояд [машрубот] нӯшед ва тамоку кашед”, - ба ТАСС гуфтааст, директори маркази иммунокоррексияи ба номи Ходанова, духтури терапевт Людмила Лапа.
Лaпa ба одамоне, ки пас аз эмкунӣ тамокукашӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки антикоагулянтҳо истеъмол кунанд, ки фаъолияти системаи лахташавии хунро паст мекунанд ва ба пайдошавии тромбҳо монеъ мегардад. "Ва сигоркашӣ бешубҳа лозим нест" ҳушдор дод вай.
Пулмонолог Алексей Никишенков ба ТАСС шарҳ дод, ки тамокукашӣ пас аз ваксина метавонад ба стресси иловагии организм табдил ёбад ва оқибатҳои эҳтимолии онро бадтар кунад.
"Пас аз эмкунӣ, иммунитет ба кор фаъолона шурӯъ мекунад, бо ин инсон аломати ба грип монандро эҳсос мекунад: баланд шудани ҳарорат то табларза, заҳролудшавӣ, беҳолӣ, дарди сар, гум шудани иштиҳо ва ғ. Албатта, заҳролудшавии организм аз берун бо роҳи тамокукашӣ, моддаҳои зараровар - ин стресси иловагӣ барои оргазм аст" - гуфт ӯ.
Никишенков фаҳмонд, ки пас аз ваксинатсия бояд аз кашидани сигорҳои электронӣ худдорӣ кард.