Дар кишварҳои Осиё мавҷи нави COVID-19 паҳн мешавад

    Тандурустӣ 16 May 2025 792

    Тибқи маълумоти агентии Bloomberg, дар минтақаи Осиё афзоиши мавридҳои гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Хусусан, афзоиши назарраси ҳолатҳои нави сироят бо коронавирус дар Ҳонконг, ки минтақаи махсуси маъмурии Чин аст, ва дар Сингапур мушоҳида мешавад.

    Агентӣ хабар медиҳад, ки дар тӯли чанд моҳи охир шумораи мубталоён дар минтақа мунтазам меафзояд, ки гоҳ-гоҳ ба ташаккули мавҷҳои нави пандемия меорад. Мақомоти Ҳонконг ва Сингапур маъракаҳои ваксиназаниро фаъолтар карда, аҳолиро, махсусан шахсони гурӯҳҳои осебпазирро ба гирифтани вояи такрорӣ (ревакцинация) даъват доранд.

    Дар миёнаи моҳи май, роҳбари департаменти бемориҳои сироятии Маркази ҳифзи саломатии Ҳонконг Оу Цзяжун дар як барномаи телевизионӣ ҳушдор дод, ки сатҳи паҳншавии COVID-19 ба дараҷаи «баланд» расидааст. Ӯ таъкид кард, ки ҳафтаи гузашта аз моҳи апрели соли ҷорӣ то имрӯз аз ҷиҳати шумораи гирифторшавиҳо рекордӣ гардид. Шумораи муроҷиатҳо ба кӯмаки тиббӣ, бистаришавӣ дар бемористонҳо ва миқдори вирус дар обҳои партов рӯ ба афзоиш аст, хабар медиҳад RuNews24.ru.

    Bloomberg ҳамчунин ишора мекунад, ки Сингапур, ки маркази муҳими молиявии минтақа аст, дар ҳолати омодагии баланд барои мавҷи нави коронавирус қарор дорад. Вазорати тандурустии Сингапур бори аввал дар як соли охир маълумоти навсозишудаи сатҳи сироят бо COVID-19-ро дар моҳи май нашр кард.

    Бар асоси ин гузориш, ки танҳо дар ҳолатҳои «афзоиши назаррас» паҳн карда мешавад, аз охири апрел то аввали май шумораи ҳолатҳои сироят 28% ва шумораи бистаришавӣ 30% нисбат ба ҳафтаи қаблӣ афзоиш ёфтааст. Мақомот ба шаҳрвандон маслиҳат медиҳанд, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд, аз ҷумла дар ҷойҳои серодам ниқоб пӯшанд.