Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 1 May 2023 2934

    Зимни суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки 1 май сурат гирифт, масъалаҳои татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ ва рафти иҷрои лоиҳаҳои бузурги кооператсия баррасӣ шуданд.

    Дар оғози суҳбат Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо муваффақият баргузор шудани раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 30 апрели соли равон баргузор шуд, самимона табрик гуфт.

    Сарвари давлатамон дар навбати худ роҳбари давлат ва мардуми бародари Қазоқистонро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Ваҳдат самимона табрик гуфт.

    Зимни суҳбат ба масъалаҳои иҷрои саривақтии қарорҳои сарони давлатҳо, пеш аз ҳама таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

    Ба ин муносибат, ба ҳукуматҳо супориш дода шуд, ки дар ҷаласаи қарибулвуқӯъи Комиссияи байниҳукуматӣ, ки ҳафтаи ҷорӣ дар Тошканд баргузор мешавад, ҷиҳати суръат бахшидан ба лоиҳаҳои муштарак чораҳо андешанд.

    Президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро низ баррасӣ карданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates