Дар Қасри Елисей ба ифтихори Президенти Ӯзбекистон қабули давлатӣ баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар Қасри Елисей қабули расмии давлатиро ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор намуд.
Дар доираи барномаи будубош дар шаҳри Париж маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Ордени Легиони фахрӣ – мукофоти олии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид.