Чорабиниҳои барномаи пурмуҳтавои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷопон ба анҷом расиданд.
20 декабр дар қароргоҳи «Кантэй» маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд.
Тавре ки Сарвари давлати мо таъкид намуд, маориф, илм ва сармоягузорӣ ба рушди сармояи инсонӣ, ки пояи «муъҷизаи иқтисодии» Ҷопон ба ҳисоб мераванд, яке аз самтҳои стратегии ҳамкории Ӯзбекистон ва Ҷопон мебошанд.
Дар ҷараёни чорабиниҳои сафари расмӣ ба Ҷопон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шаҳрдори шаҳри Нара Гэн Накагаваро қабул намуд.
Дар идомаи барномаи чорабиниҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар форуми бисёрҷонибаи соҳибкорӣ иштирок кард.
Дар анҷоми чорабиниҳои рӯзи аввали сафари расмӣ ба шаҳри Токио Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қабули расмӣ аз номи Сарвазири Ҷопон иштирок кард. Қабул дар қасри Акасака ба ифтихори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар идомаи барномаи корьӣ дар шаҳри Токио Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев президенти ширкати Sumitomo Corporation Шинго Уэноро ба ҳузур пазируфт.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳбарони созмонҳои ҷопонӣ JOGMEC ва ITOCHU Corporation Ичиро Такахару ва Ҷун Иноматаро қабул кард.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳбарони корпоратсияи Sojitz Corporation Масаёши Фудзимото ва Косукэ Уэмураро ба ҳузур пазируфт.
Нуқтаи навбатии барномаи кории сафари расмӣ ба шаҳри Токио музокироти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо президенти Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон (JICA) Акихико Танака гардид.