Имрӯз, 6 март дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов вохӯрии ҳайати низомии ин отряди тиббӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири мудофиа ва дигар шахсони расмӣ, намояндагони аҳли ҷомеа ва васоити ахбори омма иштирок доштанд.
8 феврал отряди тиббии Вазорати мудофиа, ки аз хидматчиёни ҳарбии соҳибихтисос иборат буд, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев барои расондани кумак дар барҳам додани оқибатҳои зилзила ва расондани ёрии тиббӣ ба зарардидагон ба Ҷумҳурии Туркия фиристода шуда буд.
Хизматчиёни ҳарбии Ӯзбекистон қариб як моҳ ба зарардидагони зилзилаи фоҷиавӣ ёрии бевосита расонда, дар рӯзҳои душвор ба онҳо дасти мадад дароз карданд. Дар ин муддат онҳо ба 3860 нафар шаҳрвандон, ки 1795 нафар мардон, 1177 нафар занон ва 888 нафар кӯдакон мебошанд, ёрии тиббӣ расонидаанд.
Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиа.