Солҳои охир сайёҳӣ ба яке аз омилҳои муҳими рушди минтақавӣ табдил ёфтааст. Давлат ташаббусҳоро дар ин самт фаъолона дастгирӣ мекунад: имтиёзҳои андозӣ ва молиявӣ пешниҳод мегарданд, инфрасохтори зарурӣ дар деҳаҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Теъдоди бештари сокинон аз ин имкониятҳо истифода бурда, хонаҳои меҳмонпазирӣ мекушоянд.

Дар Кумушкон — яке аз зеботарин гӯшаҳои ноҳияи Паркент — ҷараёни воридшавии сайёҳон ба таври назаррас афзудааст. Дар айни замон дар ин маҳалла беш аз 80 хонаи меҳмонпазирӣ фаъолият доранд, ки ҳар сол тақрибан 172 ҳазор сайёҳро қабул мекунанд.

Яке аз чунин лоиҳаҳои муваффақ хонаи меҳмонпазирии Олим Юсубов аст, ки дар канори ҷӯйи Паркентсой ҷойгир шудааст. Хонаи бароҳати ӯ барои 48 нафар пешбинӣ гардида, утоқҳо бо услуби миллӣ оро дода шудаанд. Дар тӯли як сол ба зиёда аз 2 ҳазор меҳмон хидмат расонда мешавад.

Президент ба ободии маҳал ва кордонии сокинони маҳаллӣ баҳои баланд дода, аҳамияти густариши чунин ташаббусҳоро дар минтақаҳои дигар, ки барои сайёҳон ҷолиб мебошанд, таъкид намуд. Ӯ ба сохторҳои масъул супориш дод, ки барои дастгирии соҳибкорон — ҳам дар самти молиявӣ ва ҳам ташкилии он, аз ҷумла, рушди хизматрасониҳои иловагӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ба таври махсус зикр гардид, ки истифодаи самараноки захираҳои дохилии маҳаллаҳо ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши сатҳи шуғли аҳолӣ мусоидат менамояд.

Сайёҳонро ба ин ҷо на танҳо манзараҳои зебо, балки ҷойҳои ҷолиби диққати фарҳангӣ — аз ҷумла, макони зиёратии Масҷидалӣ низ ҷалб мекунанд.

Дар маҷмӯъ, дар вилояти Тошканд тақрибан 1000 хонаи меҳмонпазирӣ фаъолият мекунад, ки ба зиёда аз 2500 нафар шаҳрвандон ҷойи кор фароҳам меоранд.