Сафорати Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки дар доираи афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафари ҳайати ширкати ҳавопаймоии ватании «Fly Khiva» таҳти роҳбарии директори генералӣ Дилшод Хоҷаев ба Латвия ташкил шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Дар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин бо роҳбарияти шӯъбаи ҳамлу нақли байналмилалии борҳои ҳавоӣ дар фурудгоҳи Рига мулоқотҳо доир гардида, дар рафти он ҷониби Латвия ба роҳандозии робитаҳои боркашонӣ байни кишварҳо изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Ҷонибҳо ба баррасии муштараки масъалаи ба роҳ мондани ҳамлу нақли байналмилалии боркаш дар масири "Ӯзбекистон – Латвия" бо тавсеа ба дигар шаҳрҳои бузурги Балтика шурӯъ карданд.
Долни нави ҳавоӣ ҳангоми аз Ӯзбекистон ба Латвия ва дигар кишварҳои ИА содир намудани меваву сабзавот, маҳсулоти бофандагӣ ва ғайра васеъ истифода бурда мешавад.