Дар натиҷа миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ҳудуди 30 созишнома, ёддоштҳои тафоҳум ва харитаи роҳ ба имзо расид.
Онҳо роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон дар бахшҳои технологияи кимиё, энергетика, мошинсозӣ, технологияи саноатӣ, биотехнология, ирригатсионӣ ва захираҳои об, кишоварзӣ, тиб, фармакология ва дорусозӣ пешбинӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар беш аз 65 созишнома ва тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ амал мекунанд. Ҳоло дар 5 муассисаи таҳсилоти олии кишвар барои мактабу литсейҳо ва донишкадаҳои олӣ, ки дар онҳо таълим ба забони тоҷикӣ сурат мегирад, кадр омода карда мешавад.