Тавре хабаргузорӣ бо истинод ба оҷонсии EFE хабар медиҳад, ин фикрро Гидеон Саар, вазири умури хориҷии Исроил дар нишасти хабарие, ки бахшида ба ҷорӣ шудани оташбас миёни Исроил ва Ҳамос дар Ғаззо баргузор шуд, баён кардааст.
"То замоне, ки Ҳамос дар навори Ғазза ҳукмронӣ мекунад, сулҳ, субот ва амният барои ҳарду ҷониби низоъ вуҷуд нахоҳад дошт".
Ба гуфтаи вазир, "исроилиҳо натавонистанд ба ҳадафи аслии худ - нобуд кардани неруи низомӣ ва ҳуқуқии Ҳамос ноил шаванд, гарчанде ки ҷанг худ аз худ ҳадаф нест, аммо дар сурати мавҷуд набудани имконоти дигар барои расидан ба ҳадафҳо, онҳо маҷбур хоҳанд шуд ба амалиёти ҳарбӣ баргарданд. Саар кайд кард, ки вай оташбасро танҳо «тадбири муваққатӣ» мешуморад.
Қобили зикр аст, ки оташбас дар навори Ғаззо аз рӯзи якшанбе ба иҷро даромад. Се марҳалаи татбиқи он пешбинӣ шудааст. Якум барои 42 рӯз пешбинӣ шудааст. Дар ин муддат оташбас амал мекунад ва қӯшунҳои ис-роилӣ маҳалҳои сераҳолии ин наворро тарк карда, ба сарҳадҳои анклав мебароянд. Ҳамос 33 гаравгони исроилӣ, аз ҷумла занон ва шаҳрвандони солхӯрдаро озод мекунад ва Исроил 1890 маҳбуси фаластиниро раҳо мекунад.