Тавре сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ Омонулла Файзиев ба Yuz.uz хабар дод, фавран пас аз пайдо шудани иттилоъ дар бораи эҳтимоли муваққатан боздоштани додани раводид ба шаҳрвандони Ӯзбекистон аз ҷониби Латвия, Ӯзбекистон чораҳои дахлдори дипломатӣ андешид.

Аз ҷумла, Сафорати Ӯзбекистон дар Рига бо роҳбарияти дафтари Сарвазири Латвия, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва иқтисод, инчунин Дастгоҳи Президенти ин кишвар як қатор мулоқоту музокирот анҷом дод. Илова бар ин, Департаменти масъалаҳои консулӣ ва ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо Сафорати Латвия дар Ӯзбекистон машваратҳо баргузор намуд.

Зимни музокирот ба ҷониби Латвия мавқеи Ӯзбекистон дар бораи таъсири эҳтимолии чораҳои пешниҳодшуда ба муносибатҳои дуҷониба расонида шуд. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда ҷониби Латвия хабар дод, ки зарурати ворид намудани тағйирот ба тартиби мавҷуда вуҷуд надорад.

Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба шаҳрвандони кишваре, ки дар хориҷ қарор доранд ё қасди сафар ба кишварҳои хориҷиро доранд, муроҷиат кард.

Вазорат аз шаҳрвандон даъват намуд, ки қонунгузории кишвари иқоматро қатъиян риоя карда, ба урфу одат ва анъанаҳои миллӣ эҳтиром гузоранд ва ба амалҳои худ бо масъулият муносибат намоянд.

«Вайрон кардани қонун аз ҷониби баъзе шахсон метавонад на танҳо ба худи онҳо, балки ба дигар шаҳрвандони мо, ки ба таври қонунӣ дар хориҷ таҳсил, кор ва сафар мекунанд ё зиндагӣ доранд, таъсири манфӣ расонад», — гуфт Омонулла Файзиев.

Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд миёни Ӯзбекистон ва Латвия пайваста рушд мекунанд.