Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар татбиқи сиёсати хориҷии худ ҳамеша ҷонибдори манфиатҳои миллӣ, принсипҳои бунёдӣ, аз ҷумла ошкорбаёнӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, тақсимнопазирии ҳудуд, дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо мебошад.
Ӯзбекистон ҷонибдори ҳарчи зудтар ташаккул додани шароит барои танзими вазъи кунунӣ бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Вобаста ба афзоиши шумораи шаҳрвандони Федератсияи Русия ба қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қайд мекунем, ки масъалаи будубоши онҳо дар кишвари мо бо қонунгузории Ӯзбекистон, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла истирдоди эҳтимолии онҳо танзим карда мешавад.
Дар баробари ин, шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки ҳуқуқвайронкунӣ содир накардаанд, маҷбуран депортатсия карда намешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.