Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷониба ва дурнамои густариши минбаъдаи онро баррасӣ намуданд. Ба кори муштараке, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуми соли 2021 амалӣ шуда буд, баҳои баланд дода шуд. Зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи ҳуқуқӣ таъкид гардид.

Дар натиҷаи вохӯрӣ санади нав – Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025–2026 ба имзо расид. Он самтҳои зеринро дар бар мегирад:

·        бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи кадрҳои ҳуқуқшинос;

·        табодули таҷриба дар масъалаҳои ҳалли баҳсҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва татбиқи Конвенсияи Сингапур оид ба миёнҷигарӣ;

·        ҳимояи ҳуқуқии манфиатҳои давлатҳо дар баҳсҳои байналмилалӣ;

·        омӯзиши таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии таъмини волоияти қонун;

·        ҳамкорӣ байни Бюрои кумакҳои ҳуқуқии Сингапур ва СҒҒ “Madad”-и Ӯзбекистон.

Татбиқи барнома, тибқи интизориҳо, имкон медиҳад, ки ҳамкории Ӯзбекистон ва Сингапур дар соҳаи ҳуқуқӣ ба марҳилаи нав баромада, ба таҳкими волоияти қонун ва рушди институти кумакҳои ҳуқуқӣ дар ҳар ду кишвар мусоидат намояд.