Дарҳол пас аз таваллуди кӯдак оилаҳо ду пардохти 10-ҳазордоллара
мегиранд, ки яке аз онҳо барои пардохти таҳсилоти ояндаи кӯдак пешбинӣ мешавад.
Сарвазири Сингапур Лоуренс Вонг пас аз идомаи коҳиши сатҳи таваллуд дар кишвар
аз бознигарии низоми кумакпулиҳои кӯдакон хабар дод, менависад Financial Times.
Лоуренс Вонг изҳор дошт, ки сарфи назар аз тамоми чораҳои
дастгирии оилаҳо, мо бояд воқеъбин бошем - сатҳи умумии таваллуд дар кишвар эҳтимолан ҳамоно
аз сатҳи зарурӣ барои барқарорсозии аҳолӣ хеле поёнтар хоҳад буд.
Илова бар бознигарии низоми пардохтҳои иҷтимоӣ, ҳукумати
Сингапур барномаи соддакардашудаи гирифтани манзили аввалро барои волидон ҷорӣ
мекунад. Ҳамчунин ба оилаҳои серфарзанд, ки се ё зиёда фарзанд доранд, рӯзҳои
бештари рухсатии нигоҳубини кӯдак дода мешаванд. Барои ҳар як волиди коркунанда
то 12 рӯз рухсатӣ пешбинӣ мешавад, дар ҳоле ки қаблан ин нишондиҳанда 8 рӯз буд,
менигорад kommersant.ru.
Қаблан дар Сингапур низоми дигари имтиёзҳо амал мекард: ҳангоми
таваллуди кӯдак ба волидон якбора то 10 ҳазор доллари сингапурӣ пардохт мешуд. Ҳоло
кумакпулиҳои кӯдакон ба чанд соли аввали ҳаёти кӯдак тақсим карда шудаанд. Ба
андешаи мақомот, ин тадбир бояд ба мубориза бо коҳиши сатҳи таваллуд мусоидат
кунад.
Сингапур чандин
даҳсола боз талош дорад сатҳи таваллудро дар кишвар баланд бардорад. Соли 2025
дар кишвар сатҳи рекордии пасти таваллуд ба қайд гирифта шуд — ба ҳар як зан ҳамагӣ
0,87 кӯдак рост меомад, дар ҳоле ки барои нигоҳ доштани шумораи аҳолӣ ин
нишондиҳанда бояд 2,1 кӯдак бошад.
Тибқи арзёбии
Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 ҳар чорумин сокини Сингапур метавонад аз
65-сола боло бошад.