Вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Покистон дар Тошканд вохӯрданд

    25 феврал вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо сенатор, муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дар мулоқот анҷом дод.

    Зикр шуд, ки сафари расмии Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ӯзбекистон саҳифаи нави муносибатҳои дуҷонибаро хоҳад кушод.

    Дар ҷараёни суҳбат дӯстии амиқ ва ҳамкории пайваста тақвиятёбандаи ду миллат таъкид гардида, имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, ҳамбастагӣ ва рушди минтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, омодагии тарафайн барои ҳамкории муштарак баҳри шукуфоии умумӣ тасдиқ гардид.

    Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ғояҳои ҳамтои худ ва садоқати ӯ ба таҳкими робитаҳои дуҷониба баҳои баланд дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates