Таъкид гардид, ки ҷониби Ӯзбекистон дастгирии пайвастаи СММ-ро дар татбиқи барномаи ҳамаҷонибаи ислоҳоти Ӯзбекистон, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои мардуми Ӯзбекистон, ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, мусоидат ба ҳамсоягии нек ва сулҳ нигаронида шудааст, қадр мекунад.
Дар мулоқот Бахтиёр Саидов Каха Имнадзеро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ва роҳбари Маркази минтақавӣ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ табрик намуда, ба ӯ дар корҳои наваш комёбӣ таманно намуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.