Дар он ба ҷуз аз кишварҳои узви СҲИ, сарони як қатор созмонҳои байналмилалӣ низ ширкат доштанд. Ба ҳайати Ўзбекистон вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов раҳбарӣ кард.
Иштирокчиён имкони мусоидат намудан ва барқарор кардани ҳамлу нақли транзитӣ дар давраи пас аз пандемияро баррасӣ карданд. Инчунин тавсияҳо оид ба баланд бардоштани устувории ҳамлу нақли бор дар минтақа, аз ҷумла таъмини занҷири бефосилаи таъминот тавассути кишварҳои СҲИ баррасӣ шуданд.
Хидмати матбуоти вазорати нақлиёт хабар медиҳад, ки дар паи натоиҷи нишасти 11-уми вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲИ «Эъломияи Анкара» қабул шуд.