Вазорати кишоварзии Ўзбекистон таҷриба ва имкониятҳои Куриёро оид ба офаридани низоми иттилоотии замин меомӯзад

    Дар Вазорати кишоварзии Ўзбекистон байни намояндагони раёсати рушди технологияи геоиттилоотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ширкати «Geotwo Co. Ltd." Ҷумҳурии Куриё оид ба омӯхтани таҷриба ва имкониятҳои ташкил кардани низоми иттилоотии замин вохӯрӣ ба амал омад.

    Дар ҷаласа лоиҳаҳои озмоишӣ оид ба таҳияи харитаи электронии заминҳои кишоварзӣ дар системаҳои иттилоотии замин, ки дар Ҷумҳурии Корея татбиқ мешаванд ва мониторинги ҳосили шолӣ дар мисоли як кишвар муаррифӣ шуданд. Инчунин дар бораи қабатҳои бунёдӣ, аз ҷумла deshbord, харитаи NDVI, таснифоти замин ва код, менюи хидматрасонии харита, тасвири дрон ва қобилияти илова кардани маълумот ба пойгоҳи додаҳо тавассути андозагирии харитаҳои электронӣ маълумот дода шуд.

    Ба меҳмонон имкони мушоҳидаи маҳалҳои аҳолинишин ва ҷойгиршавии онҳо бо ёрии аксҳои кайҳонӣ ва дронҳо, пешниҳоди намуди хронологии гурӯҳи маълумотҳои оморӣ аз рӯи солҳо ва тарҷумаи он дар шакли ҷадвал дар портали онлайн, ҳамчун намунаи таҷрибаи Корея дода шуд. Инчунин раванди мониторинги ҳамзамон чор соли маълумоти оморӣ тавассути монитор ҳангоми истифодаи қабатҳо аз ҷониби корбарро нишон дода шуд.

    Бинобар натиҷаҳои мулоқот масъалаҳои ташкил кардани мулоқоти онлайн ва анъанавӣ оид ба ҷорӣ кардани таҷрибаи мазкур дар низоме, ки ба платформаи "Кишоварзии рақамӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил мешаванд, лоиҳаҳо дар соҳаи таҳқиқи замин ва масъалаҳои ташкили истифодаи технологияи интеллекти сунъӣ мувофиқа карда шуд.

    Барои маълумот: Geotwo Co., Ltd. яке аз ширкатҳои пешрафта ва пешқадам дар соҳаи геомаълумот ва иттилооти кайҳонии Ҷумҳурии Куриё мебошад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates