Фонди сулҳи ба номи Мартти Ахтисаари, ки аз ҷониби барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ ва президенти собиқи Финляндия таъсис ёфтааст, дар низоми дипломатияи сулҳҷӯёнаи Аврупо мавқеи махсус дорад. Ин Фонд беш аз 100 коршиноси байналмилалӣ ва зиёда аз 300 шарики стратегиро фаро гирифта, ба зиёда аз 50 раванди сулҳ дар минтақаҳои гуногун — аз Шарқи Наздик то Авруосиё — фаъолона мусоидат менамояд.

Дар кори ин чорабинӣ зиёда аз 120 намояндаи баландпоя аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла роҳбарияти Хадамоти аврупоии робитаҳои хориҷӣ, намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИА, намояндагони СММ, Иттиҳоди Африқо, ҳамчунин марказҳои пешсафи таҳлилӣ ва пажӯҳишии Аврупо ширкат варзиданд.

Аз ҷумлаи иштирокчиёни калидӣ дабири кулли Конфронси СММ оид ба тиҷорат ва рушд Ребека Гринспан, намояндаи махсуси ИА оид ба минтақаи Саҳел Жоау Кравиню, узви «Гурӯҳи хирадмандон»-и Иттиҳоди Африқо Пумзиле Мламбо-Нгкука ва дигарон буданд.

Мавзӯи асосии муколама баррасии консепсияи «прагматизми принсипнок» буд, ки Иттиҳоди Аврупо мекӯшад онро аз шиори сиёсӣ ба мантиқи амалиётии сиёсати хориҷии худ табдил диҳад.

Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар ин чорабинӣ директори Институти таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ИТСБ) Элдор Арипов намояндагӣ намуда, дар ҷаласаи панелии «Истифодаи прагматизми принсипнок барои расидан ба сулҳ» суханронӣ кард.

Таваҷҷуҳи хоси иштирокчиён ба Осиёи Марказӣ ва сиёсати васеи сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷалб гардид. Коршиносони аврупоӣ ба сиёсати пайдарпай ва низомманди Президенти Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ баҳои ниҳоят баланд дода, таъсири табдилдиҳандаи онро ҳам ба меъмории амнияти минтақавӣ ва ҳам ба равандҳои глобалии танзими низоъҳо таъкид намуданд.

Ба таври махсус қайд гардид, ки Ӯзбекистон модели нодири «дипломатияи фарогир»-ро ташаккул додааст, ки ба ҷалби ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор бидуни шартҳои пешакӣ асос меёбад.

Сиёсати пешсафонаи кишварҳои минтақа имкон дод, ки Осиёи Марказӣ аз объекти рақобати геополитикӣ ба субъекти муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёбад, ки қодир аст барои мушкилоти минтақавӣ роҳҳалҳои худро пешниҳод намояд.

Дар суханронии худ Э. Арипов зикр намуд, ки ҳамагӣ даҳ сол пеш Осиёи Марказӣ бо мушкилоти ҷиддӣ: масъалаҳои ҳалнашудаи марзӣ, баҳсҳо дар тақсими захираҳои об, марзҳои баста ва маҳдуд будани равобит миёни мардумон рӯ ба рӯ буд. Имрӯз бошад, вазъият ба куллӣ дигар шудааст.

Ҳамаи баҳсҳои асосӣ ҳал гардидаанд, марзҳо кушода ва фаъол гаштаанд, сатҳи эътимоди мутақобил ба маротиб боло рафтааст. Савдои минтақавӣ панҷ баробар афзоиш ёфта, ҳаҷми сармоягузориҳои байниҳамдигарӣ ду баробар зиёд шудааст. Ҳатто дар давраи пандемия кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини молҳои ҳаётан муҳим марзҳои худро боз нигоҳ доштанд.

«География тағйир наёфт — тафаккури сиёсӣ тағйир ёфт», — таъкид намуд ӯ.

Директори ИТСБ чанд омилҳои калидиро, ки ба рушди мусбат мусоидат карданд, зикр намуд. Иродаи сиёсӣ дар сатҳи олӣ — интихоби огоҳонаи роҳбарони минтақа ба манфиати субот ва рушд; равиши прагматикӣ дар ҳалли масъалаҳои мураккаб, аз қабили делимитатсияи марзҳо ва идоракунии захираҳои об; дарки таърихи муштарак ва вобастагии мутақобили кишварҳои минтақа; инчунин нақши фаъоли ҷомеаҳои маҳаллӣ, ки сулҳ тавассути муоширати байни мардум, савдои фаромарзӣ ва сайёҳӣ таҳким ёфт, аз ҷумалаи онҳост.

«Сулҳ на ҳамчун ҳадафи абстрактӣ, балки ҳамчун зарурати амалӣ барои рушд пазируфта шуд», — гуфт директори ИТСБ.

Дар бораи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ сухан ронда, Элдор Арипов махсусан ба сиёсати Ӯзбекистон нисбат ба Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ба гуфтаи ӯ, Тошканд аз ин эътиқод бармеояд, ки ҷудосозӣ наметавонад василаи суботсозӣ бошад.

«Ҷудосозӣ на ба навсозӣ мусоидат мекунад ва на ба субот — баръакс, он барои ифротгароӣ ва терроризм замина фароҳам меорад», — изҳор дошт ӯ.

Ӯзбекистон ҳамгироии иқтисодиро омили калидии сулҳи пойдор дар Афғонистон ва тамоми минтақа медонад. Ба сифати намуна Маркази байналмилалии тиҷоратӣ дар шаҳри Тирмиз зикр гардид, ки дар он соҳибкорони афғон ва покистонӣ метавонанд дар реҷаи бидуни раводид фаъолият намоянд. Имрӯз дар он ҷо беш аз 200 корхонаи афғонӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин, таъсиси як кластери саноатӣ дар ҳудуди Афғонистон дар назар аст.

Дар анҷом директори ИТСБ таъкид намуд, ки саҳми Осиёи Марказӣ дар сулҳсозӣ берун аз минтақа на дар содироти роҳҳалҳои омода, балки дар нишон додани самаранокии равиши прагматикӣ ифода меёбад.

«Масъулияти минтақавӣ, ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамкории прагматикӣ метавонанд тадбирҳои дипломатӣ ва амниятиро пурра намуда, самаранокии онҳоро тақвият бахшанд», — хулоса кард ӯ.

Дар доираи сафар ба Брюссел Элдор Арипов як қатор мулоқотҳои муҳтавоӣ бо намояндагони марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии аврупоӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Гурӯҳи байналмилалии бӯҳронҳо (ICG), Институти амнияти аврупоӣ (EUISS), Фонди сулҳи ба номи Мартти Ахтисаари, Маркази сиёсати аврупоӣ (EPC) ва Фонди Карнеги дар Аврупо анҷом дод. Инчунин, бо намояндагони Хадамоти аврупоии робитаҳои хориҷӣ (EEAS) музокирот сурат гирифт.

Дар ҷараёни мулоқотҳо роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкории фарогир бо шарикони аврупоӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолгардонии муколамаи коршиносӣ ва густариши ҳамкории ИТСБ бо доираҳои илмӣ-академӣ ва таҳлилии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо зоҳир гардид. Ҳамчунин, ғояҳо ва пешниҳодҳои нав ҷиҳати таҳкими шарикии дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.