Олимони ҷавони Ӯзбекистон дар Эрон коромӯзи мекунанд

    Илм 25 Avgust 2023 2034

    24 август муовини вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвархон Бузрукхонов бо муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон – роҳбари Созмони тадқиқоти кишоварзӣ ва таълим (AREEO) Мохтаб Хайём Нек мулоқот кард.

    Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда табодули назар карданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки интиқоли технологияҳо дар соҳаи кишоварзӣ, тадқиқоти муштарак оид ба таҳияи ваксинаҳо барои истифода дар чорводорӣ, табодули таҷриба оид ба технологияҳои нав, ки ба баланд бардоштани самаранокии зироатҳои кишоварзӣ нигаронида шудаанд, метавонанд қадамҳои нави ҳамкорӣ гарданд.

    Ҷониби Эрон ҳамчунин аз намояндагони бахши хусусӣ, ба хусус ширкатҳои илмиву фаннӣ дар густариши ҳамкориҳои фанноварӣ изҳори пуштибонӣ кард.

    Дар рафти силсилаи музокирот Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия ва Созмони тадқиқоти кишоварзӣ ва таълим (AREEO) барои ташкили таҷрибаомӯзии 7 нафар олимони ҷавон аз Ӯзбекистон дар марказҳои таълимӣ-тадқиқотии созмон ба мувофиқа расиданд. Дар чаҳорчӯби ин мулоқот созишнома дар бораи ташкили барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ба имзо расид.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates