11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом доданд.
16 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Мулоқоти ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 ноябр ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд ташриф оварда, бо тақдимоти корҳо оид ба рақамисозии низоми тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хиlматрасониҳои тиббӣ ва рушди таълими тиббӣ шинос шуд.
11 ноябр Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими оғози сохтмони иншооти бузурги варзишӣ – варзишгоҳи замонавии футбол дар шаҳри Тошканди Нав иштирок намуд.
15-16 ноябр дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Вохӯрии машваратии ҳафтуми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати намояндагонро таҳти сарварии Президенти Бонки рушди Осиё Масато Кандо қабул кард.
16 ноябр, мувофиқи натиҷаҳои Мулоқоти машваратии ҳафтуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштарак қабул гардид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати соҳибкорони иёлати амрикоии Ютаро, ки иборат аз пирони Калисои Исо Масеҳ — Дэвид Беднар ва раиси Бунёди байналмилалии хайриявии «Stirling» Майлс Ҳансен ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот инчунин сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ӯзбекистон Ҷонатан Ҳеник иштирок намуд.
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо сафари давлатӣ ба кишвари мо омад ва сарони давлатҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд–Ҳумо” суҳбат анҷом доданд.
9 ноябр Президент Шавкат Мирзиёев ба фармон дар бораи мукофотонидани гурӯҳи кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи кормандони тиб имзо кард.