Олимон ваксинае офариданд, ки метавонад саратонро дар ҳама марҳилаҳо нест кунад

    Тандурустӣ 22 Oktabr 2024 1208

    Олимони донишгоҳи Колумбия воситаи самарабахшро аз саратон - ваксинаеро офариданд, ки организмро барои нест кардани ҳуҷайраҳои саратон барномарезӣ мекунад.

    Воситаи нав ба бактерияҳои пробиотикӣ асос ёфтааст. Онҳо ҳуҷайраҳои модификатсияшударо "оварда мерасонанд", ки ба организм нест кардани ҳуҷайраҳои саратонро "меомӯзонанд". Дар баробари ин, таҳиягарон қайд карданд, ки ваксинаи бактериявӣ барои ҳар як намуди варам алоҳида таҳия карда мешавад.

    Ин чӣ хел кор мекунад

    Олимон як штамми пробиотикии бактерияҳои E. coli-ро истифода бурданд, ки аз ҷиҳати генетикӣ дигаргун карда шудааст. Бактерияҳо ба системаи масуният шинохтан ва ҳамла карадан ба ҳуҷайраҳои саратонро "меомӯзонад" ва ба ҳуҷайраҳои солим даст намезананд. Ваксинаи бактериявӣ қодир аст, ки ба организм зарар нарасонда, ба варамҳо ворид шавад ва дар он ҷо аксуламали иммунии фаъолро ба вуҷуд орад.

    Ҳар як ваксина барои ҳар як бемор алоҳида таҳия карда мешавад. Бактерияҳо ҳамин тавр барномарезӣ шудаанд, ки маҳз ба он мутатсияҳои ҳуҷайраҳои саратон, ки хоси бемори мушаххас мебошанд, ҳамла кунанд. Ин самаранокии табобатро зиёд мекунад ва хатари таъсири ногуворро коҳиш медиҳад.

    Муҳаққиқон такмили ин усулро бо ҳадафи озмоиши ваксина дар инсонҳо дар ояндаи наздик идома медиҳанд. Агар озмоиш бомуваффақият анҷом ёбад, он дар табобати саратон, махсусан барои беморони гирифтори омосҳои душвор табобатшаванда сухани нав хоҳад буд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates