Дар ҳузури сарони давлатҳо маросими имзои як қатор санад ва созишномаҳои муҳими дуҷониба баргузор шуд.
Дар байни онҳо:
– Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2024-2025;
– Созишнома оид ба истифодаи системаҳои сертификатсияи электронии маҳсулот;
– Созишнома дар соҳаи рушди рақобат, ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва танзими бозори реклама;
– Созишнома оид ба ҳамкориҳои илмию истеҳсолӣ;
– Созишнома дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни шаҳрҳои Тошканд ва Минск;
– Протокол оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;
– Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
– Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш барои солҳои 2024-2025;
– Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2024-2025;
– Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгории муассисаҳои таълимии томактабӣ барои солҳои 2024-2025;
– “Харитаи роҳ” дар соҳаи маориф барои солҳои 2024-2025;
– «Харитаи роҳ» дар соҳаи маҷмӯи агросаноатӣ барои солҳои 2024-2026;
– Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ;
– Нақшаи чорабиниҳо дар бахши сайёҳӣ барои солҳои 2024-2025. Бар замми ин, дар доираи ташриф Ҷадвали сафарҳои мутақобилаи ҳайати минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Белорус дар соли 2024 имзо шуданд.