Дар исчтгоҳи автомобилии навбунёди завод неругоҳи электрикии офтобии иқтидораш 600 киловатт сохта шуд.
Дар давраи аз аввали соли ҷорӣ то моҳи июн 1500 панели офтобӣ насб карда шуд. Ин панелҳои офтобӣ дар як моҳ ҳудуди 200 000 кВт неруи барқ тавлид мекунанд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки то охири сол боз 600 панели офтобӣ насб шавад. Ин қариб 3000 киловатт-соат қувваи иловагии электр ҳосил мекунад.
Аз ҳисоби энергияи офтоб як қисми биноҳои маъмурии комбинат бо қувваи электр таъмин карда мешавад.
Ба ғайр аз ин, барои бо оби гарм таъмин намудани бино обгармкунакҳои офтобӣ насб карда мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ҶС «Ўзбекнефтегаз».
Ҷорӣ намудани технологияи сарфаи энергия на фақат самараи экологӣ, балки самараи иқтисодии комбинатро низ зиёд мекунад. Барои маълумот: Дар соли 2022 дар иқтидорҳои истеҳсолии корхона 170 панели офтобӣ бо иқтидори умумии 85 кВт насб карда шуд.