Дар тамрингоҳи «Фориш» Бозиҳои байналмилалии артиши «АрМИ-2022» оғоз ёфт

    Сарҳади ҳарбӣ 16 Avgust 2022 1109

    15-уми август дар тамрингоҳи кӯҳии “Фориш”-и Округи марказии ҳарбӣ мусобиқаҳои “Устоди силоҳ”, “Муҳити бехатар” ва “Ошхонаи саҳроӣ”, ки дар чаҳорчӯби Бозиҳои VIII байналмилалии артиш “АрМИ-2022” баргузор мешавад " оғоз ёфт.

    Вазорати дифоъ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни мусобиқот ва шароите, ки дар тамрингоҳи “Фориш” фароҳам оварда шудааст, барои намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ пресс-тур гузаронд. Ҳамчунин нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ВАО аз баромадкунандагон ба ҳама саволҳои худ посух гирифтанд.

    Сипас намояндагони васоити ахбори омма аз қаламраве, ки озмуни “Ошхонаи саҳроӣ” баргузор мешавад, дидан намуда, маҳорати ошпазҳои низомии кишварҳои гуногунро тамошо карданд.

    Бегоҳӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқаҳои Ӯзбекистон дар доираи Бозиҳои байналмилалии артиш «АрМИ-2022» оғоз гардид.

    Дар он шахсони масъули Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва кишварҳои иштирокдор, сенаторон, узви Шӯрои ҷамъиятии назди идораи мудофиа, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҷавонон, воситаҳои ахбори оммавӣ, блогерҳо, инчунин собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок карданд.

    Дар рафти чорабинӣ дефили намоишии оркестри марказии ҳарбии Вазорати мудофиа, барномаи калони консертӣ дар иҷрои дастаҳои эҷодӣ ва ҳунармандони маъруф, инчунин намоишҳои бадеии инъикоскунандаи фарҳанги халқҳои гуногун намоиш дода шуданд. Курсантҳои Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ бо намоиши аслиҳа баромад карданд.

    Қобили зикр аст, ки имсол дастаҳои Вазорати дифои Ӯзбекистон дар 20 мусобиқаи Бозиҳои VIII байналмилалии артиш, 257 даста аз 37 кишвари ҷаҳон дар мусобиқаҳои 34 самт ширкат доранд.

    Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои байналмилалии артиш-2021, ки дар он 277 даста аз 42 кишвар рақобат карданд, низомиёни кишвари мо дар мусобиқот дар 24 самт ширкат доштанд. Аз рӯи ҷамъбасти Бозиҳо намояндагони Ӯзбекистон 4 медали тилло, 9 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми 2-юмро касб карданд ва аз 37 натиҷаи рекордӣ 10-тоашро низомиёни кишварамон нав карданд.

    Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиа.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates