Дар Офтоб сӯрохи бузурги тоҷӣ кашф шуд: ин ба Замин чӣ гуна таҳдид мекунад

    Олимони NASA дар Офтоб сӯрохи бузурги тоҷӣ кашф карданд, ки тақрибан чоряки гирдогирди онро ишғол мекунад.

    Тавре ки олимон шарҳ медиҳанд, ин минтақа бо майдони магнитии кушода фарқ мекунад, ки ба ҷараёнҳои қавии шамоли офтобӣ, ки бо суръати то 800 километр дар сония ҳаракат мекунанд, имкон медиҳад, ки ба сӯи Замин равон шаванд.

    Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки афзоиши басомади тӯфонҳои геомагнитӣ, метавонад ба кори моҳвораҳо, системаҳои навигатсияи GPS ва алоқаи радиоӣ таъсири манфӣ расонад. Ҳамчунин, афзоиши дурахшҳои қутбӣ, ки ҳатто берун аз минтақаҳои қутбӣ намоён мешаванд, интизор аст. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки одамони вобаста ба тағйироти обу ҳаво метавонанд бо бад шудани ҳолати саломатӣ, аз ҷумла дарди сар, фарқияти фишор ва хастагӣ дучор шаванд.

    Сӯрохиҳои тоҷӣ минтақае дар Офтоб мебошанд, ки дар он ҷо пастшавии назарраси ҳарорат ва зичии плазма мушоҳида мешавад. Чунин минтақаҳо дар тасвирҳои дар нурҳои ултрабунафш ё рентгенӣ гирифташуда дар тоҷи офтобӣ ҳамчун доғҳои торик пайдо мешаванд. Дар ин минтақаҳо зичии плазма метавонад назар ба минтақаҳои атрофи тоҷ сад маротиба камтар бошад, хабар медиҳад 24.kg.

    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates