Тамринҳои муштараки «Дӯстлик-2025» бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Ӯзбекистон ва Ҳиндустон оғоз ёфтанд

    Сарҳади ҳарбӣ 17 Aprel 2025 3531

    16 апрел дар пойгоҳи байналмилалии таълимии «Аундҳ», воқеъ дар шаҳри Пунаи Ҳиндустон, тамринҳои муштараки Ӯзбекистону Ҳиндустон таҳти унвони «Дӯстлик-2025» оғоз ёфтанд.

    Ин тамринҳо, ки аз соли 2019 инҷониб баргузор мешаванд, ба рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ миёни ду кишвар ва таҳкими он равона гардидаанд. Онҳо навбат ба навбат дар қаламрави Ӯзбекистон ва Ҳиндустон баргузор мешаванд.

    Хусусан, соли 2024 дар доираи тамринҳои «Дӯстлик-2024» мутахассисони ҳарбии Ӯзбекистон ва Ҳиндустон дар машқгоҳи «Термиз» таҷрибаи худро мубодила намуданд.

    Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи тамринҳои имсола намояндагони ҳайатҳои ҳарбии ҳар ду кишвар иштирок карданд. Таъкид гардид, ки тамринҳои муштарак ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҳарбӣ, инчунин ба боло бурдани дониш, маҳорати амалӣ ва таҷрибаи хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунанд.

    Тавре ки Департаменти иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Вазорати мудофиа хабар медиҳад, ин тамринҳои муштарак то 28 апрел идома хоҳанд ёфт.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates