Гуфта мешавад, ки аз ҷониби Кумита дар моҳҳои ноябр–декабри соли 2025 ба иштирокдорони бозор огоҳиномаҳо ирсол гардида буд, ки аз маҳдудиятҳои муваққаттии нисбат ба гази метан воридшуда истифода намуда, ба ҳолатҳои беасос боло бурдани нархи гази моеъ роҳ надиҳанд.

Новобаста аз ин, аз ҷониби бархе аз субъектҳои хоҷагидорӣ бар хилофи тамоюлҳои бозори одилона, нишонаҳои амалҳои мувофиқашуда ва манипулятсияҳо ошкор гардиданд, ки ба беасос боло бурдани нархҳо равона шудаанд.

Вобаста ба ин ҳолатҳо, аз ҷониби Кумита тибқи тартиби муқарраршуда раванди боз намудани парванда оид ба аломатҳои қонуншиканӣ оғоз ёфт.

Ғайр аз ин, бо мақсади устувор нигоҳ доштани нархҳо дар савдоҳои биржавӣ чорабиниҳои «ислоҳкунанда» амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, ба иштирокдорони бозор дастур дода шуд, ки маҳсулотро ба савдои биржа дар ҳаҷми пурра ва ба таври пайваста пешниҳод намоянд.