3 октябр дар Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибон, ҷоизадорон ва мураббиёни онҳо баргузор гардид. Ба онҳо мукофотҳои якдафъаинаи пулии давлатӣ супурда шуданд.

Дар ин чорабинӣ Намояндаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои варзиш Одил Абдураҳмонов, роҳбарияти Вазорати варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ, инчунин варзишгарони ғолиб, ҷоизадорон ва наздикони онҳо ширкат варзиданд.

Шахсони расмӣ варзишгарони ҷавонро бо дастовардҳои баланди онҳо табрик намуда, ба онҳо дар арсаи байналмилалӣ муваффақиятҳои нав орзу карданд.

Дар доираи ин маросими тантанавӣ дар бинои Кумитаи миллии олимпӣ парчами Шӯрои олимпии Осиё, ки ба Ӯзбекистон ҳамчун мизибони Бозиҳои навбатии наврасони Осиё супурда шудааст, барафрошта шуд.