Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин бо ширкати ҷопонӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд

    Дар донишкадаи хокшиносӣ ва тадқиқоти агрокимиёвии Вазорати хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ бо намояндагони ширкати японии «Japan Conservation Engineers & Co» LTD. вохӯрӣ барпо гардид.

    Дар чорабинӣ директори генералии Пажӯҳишгоҳи хокшиносӣ ва тадқиқоти агрокимиёвӣ Шӯҳрат Бобомуродов, намояндагони ширкати ҷопонӣ, аз ҷумла, ёвари менеҷер Ёшида Казуйо, мушовири хок, муҳандис Уэно Наоя ва мушовири маҳаллӣ Ғайрат Ҷумаев иштирок доштанд.

    Мақсад аз вохӯрӣ муаррифии доруи «Фуҷимин» (Fujimin) аст, ки дар Ҷопон jafhblf ва дар як қатор кишварҳо озмуда шуда, дар қаламрави ҷумҳурии мо истифода шудани он ба нақша гирифта шудааст. Ин дору барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои шур фоиданок аст. Зимнан зикр гардид, ки дар ин замина ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон мувофиқи мақсад аст.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ, намояндагони кишвари мо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҳамкориҳоро бо мутахассисони Ҷопон идома диҳанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates