Дар ин бора муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон — директори Агентии кинематография Ҷаҳонгир Аҳмедов хабар дод.

«Вазифаи навбатӣ — пардохти қарзи ҷамъшуда аз рӯи музди меҳнати кормандон мебошад, ки ҳаҷми он беш аз 3 миллиард сӯмро ташкил медиҳад. Қарор аст ин қарз низ пардохт карда шавад.

Масъалаи ҷиддитарин уҳдадории қарзии “Ӯзбекфилм” ба маблағи 22 миллион евро боқӣ мемонад.

Айни замон якҷо бо Вазорати иқтисод ва молия барои аз гарав озод кардани киностудия ва қитъаи замини ба он тааллуқдошта бо масоҳати 10 гектар, инчунин танзими уҳдадориҳои қарзӣ корҳо идома доранд.

“Ӯзбекфилм” бояд на рамзи буҳрон, балки рамзи синамои миллӣ бошад», — навиштааст Ҷаҳонгир Аҳмедов дар канали Telegram-и худ.