Кумитаи андози Ӯзбекистон таҷрибаи пешқадам дар соҳаи андозбандии кишварҳои узви БОР-ро меомӯзад

    Молия 25 Sentabr 2023 2453

    Рӯзи гузашта муовини аввали раиси Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мубин Мирзаев бо сариқтисодчии департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки осиёии рушд (БОР) Чигдем Акин мулоқот кард.

    Он дар доираи рисолати Барномаи такмили идоракунии иқтисодӣ бо иштироки Бонки осиёии рушд ташкил карда шудааст.

    Зимни муҳокима масъалаҳои марбут ба стратегияи банақшагирии миёнамӯҳлати даромад, автоматикунонии минбаъдаи системаи ҳисоботдиҳии андоз, татбиқи системаи иттилоотии арзёбии хавфҳои андоз ва системаи KPI оид ба мониторинги фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудии андоз баррасӣ шуданд.

    Дар ҷамъбасти ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки барои омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи андозбандии кишварҳои узви Бонки осиёии рушд, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Финландия гуфтушунид анҷом дода шавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates