баннер
20 Mar 2025
22:26

    Маркетплейси TEMU дар Ӯзбекистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуд

    Тиҷорат 19 Mart 2025 342

    Маркетплейси чинӣ TEMU расман ҳамчун шахси ҳуқуқии резиденти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Кумитаи андоз хабар дод.

    Дар идора қайд карданд, ки масъалаҳое боқӣ мондаанд, ки бо маркетплейс нисбат ба давраҳои гузашта муҳокима мешаванд. Ҳоло гуфтушунидҳо идома доранд.

    Пас аз анҷоми ин раванд, хулосаи ниҳоӣ дар бораи фаъолияти он эълон хоҳад шуд.

    Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи март маълумот дар бораи эҳтимоли маҳдудиятҳо барои TEMU дар ҷумҳурӣ пайдо шуда буд. Дар изҳороти муштараки Агентии миллии лоиҳаҳои ояндадору Кумитаи андоз гуфта мешуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 декабри соли 2024 № 885, операторони тиҷорати электронӣ, аз ҷумла платформаҳои савдои онлайн, танҳо ширкатҳое буда метавонанд, ки ҳамчун резидентҳои Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд. Ин санади меъёрӣ аз лаҳзаи нашри расмии он эътибор пайдо кардааст.

    Ҳангоми таҳлили фаъолияти маркетплейсҳои хориҷие, ки дар бозори Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, як қатор номувофиқатиҳо бо талаботи қонунгузории миллӣ ошкор гардид. Аз ҷумла, масъалаҳо дар соҳаҳои тиҷорати электронӣ, савдои чакана, реклама, ҳифзи маълумоти шахсӣ, ҳуқуқи истеъмолкунандагон, инчунин ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои ҳамҷавор баррасӣ шуданд.

    Аз ин рӯ, қаблан эълон шуда буд, ки дастрасӣ ба платформаи TEMU дар ҳудуди Ӯзбекистон аз 20 марти соли 2025 маҳдуд карда мешавад. Аммо пас аз ба қайд гирифтани он дар кишвар ҳамчун резидент, маркетплейс метавонад фаъолияти худро мутобиқи талаботи қонунгузорӣ идома диҳад.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech