Ҳамватани мо ғолиби мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ

    Варзиш 2 Fevral 2022 1371

    Дар Абу-Дабӣ мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба варзиши аспдавонӣ ташкил карда шуданд. Дар оғози соли равон варзишгарони номдор ширкат доштанд, ки таҷрибаи бойи бозӣ дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ доранд.

    Боиси хушнудист, ки дар байни аспсавороне, ки дар мусобиқаҳо маҳорати баланд нишон доданд, намояндаи дастаи яккачини Ӯзбекистон оид ба ҷаҳидан бо асп Абдураҳмон Абдуллоев низ ҳаст. Ҳамватани мо дар мусобиқа аз садди баландиаш 145 сантиметр бо аспи лақабаш «Konlouba» ҷаҳида гузашта, сазовори ҷойи дуюми фахрӣ гардид.

    Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳамватани дигари мо Беҳзод Қурбонов дар мусобиқаи «Maxima Masters» дар вилояти Маскави Федератсияи Русия бо аспи лақабаш «Кing cornet» хатсайри ҷаҳиданро бомуваффақият анҷом дода, ҷои сеюмро ишғол карда буд, хабар медиҳад хидмати матбуоти КМО.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates