Тавре Саида Мирзиёева дар канали Телеграмиаш менависад, "Лазги танҳо анъанаи миллии мо нест, ин таърихи умумиинсонӣ дар бораи Муҳаббат ва Рӯҳ аст, ки онро ҳама мефаҳманд ва дар ҳар қалб акси садо пайдо хоҳад кард”.
Ин ғоя, ки онро хореограф Раймондо Ребек таҷассум намудааст, ба аудиторияи хориҷӣ дар бораи ҳамаи мо, дар бораи фарҳанг ва фалсафаи мо нақл мекунад.
Ӯзбекистон дар роҳи таблиғи мероси ғании фарҳангии худ дар сатҳи байналмилалӣ қадами навбатӣ гузошта, наздиктар ва фаҳмотар мешавад.
Намоиши балет як қисми барномаи фарҳангии Ӯзбекистон дар доираи ЭКСПО-2020 мебошад. Ташкилотчи – Фонди рушди фарҳанг ва санъати назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Аз 20 октябр дар шабакаи телевизионии “Euronews” шумо метавонед видеороликро бахшида ба намоиш тамошо кунед. Барои дӯстдорони балети тамоми ҷаҳон ин як рӯйдоди дурахшони фарҳангист».