Он зиёда аз ҳазор метри мураббаъро ишғол мекунад ва дар як вақт метавонад зиёда аз 200 нафарро қабул кунад. Хеле қулай аст, ки ба майдони яхмолакбозӣ аз тамоми қисматҳои боғ ба осонӣ ворид шудан мумкин. Фарши яхбандӣ бо назардошти манзараи зебои кӯл ҷойгир шудааст. Инчунин майдони алоҳида мавҷуд аст, ки дар он кӯдакон метавонанд таҳти назорати волидонашон яхмолакбозӣ кунанд. Барои онҳое, ки дар конкиҳо чандон эътимод надоранд, стендҳои ёрирасон дар шакли пингвинҳо пешниҳод карда мешаванд.

Дар гирду атрофи он 16 киоск, қаҳвахона ва тарабхона мавҷуд аст.

Минтақаи аксгириҳои солинавӣ бо арчаи солинавии орододашудаи  баландиаш 15 метр низ пешкаш шудааст.

Майдони конкибозӣ 16 декабр меҳмонони аввалини худро интизор аст.

Маросими ифтитоҳи расмии майдони яхмолакбозӣ дар Боғи миллӣ Ӯзбекистон 17 декабр баргузор мегардад, хабар медиҳад ӮзА.