Нетаняҳу эътирофи Фаластинро таҳдид ба мавҷудияти Исроил номид

    Эътирофи Фаластин таҳдид ба Исроил аст, бар ин назар аст сарвазири кишвар Бинямин Нетаняҳу.

    «Мо маҷбур мешавем дар СММ ва дар ҳама минбарҳои дигар бар зидди таблиғоти дурӯғине, ки бар зидди мо равона шудаанд ва даъватҳо барои таъсиси давлати Фаластин, ки мавҷудияти моро зери хатар мегузоранд, мубориза барем», — гуфт ӯ (иқтибос аз The Times of Israel).

    Ба гуфтаи ӯ, ин «мукофоти абсурд барои террор» мебошад, ки ҳамлаи гурӯҳи фаластинии «Ҳамос»-ро дар моҳи октябри соли 2023 дар назар дорад. Нетаняҳу афзуд, ки давлати Фаластин «дар ғарби рӯди Урдун таъсис намеёбад».

    Сарвазири Исроил изҳор дошт, ки зери роҳбарии ӯ Исроил «шумораи аҳолинишинҳои яҳудиро дар Яҳудия ва Самария ду баробар зиёд кард». Ба гуфтаи ӯ, Тел-Авив ҳамоно «бо ҳамин роҳ идома медиҳад».

    21 сентябр се кишвар якбора Фаластинро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф карданд – Британияи Кабир, Канада ва Австралия. Қароре, ки аз ҷониби Канада ва Британияи Кабир қабул шуд, қисми талошҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ барои додани импулси нав ба таъсиси ду давлат мебошад, омадааст дар изҳорот. Таъкид шуд, ки гурӯҳи «Ҳамос» набояд «ҳеҷ нақше» дар Фаластин бозад.

    Кишвари навбатӣ барои эътирофи давлати Фаластин – Фаронса мебошад. Дар бораи нияти Париж барои эътирофи Фаластин президенти кишвар Эммануэл Макрон ҳанӯз дар моҳи июл изҳор намуда буд. Ӯ гуфта буд, ки дар бораи ин масъала дар ҷаласаи 80-уми Маҷмаи умумии СММ, ки охири моҳи сентябр баргузор мешавад, баёния медиҳад, менависад vedomosti.ru.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates